
1 июни соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо олимону пиряхшиносони пажӯҳишгоҳҳои маъруфи Конфедератсияи Швейтсария дар доираи мавзуи соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки дар иҷлосияи 77-уми МУ СММ бо ташаббуси глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида буд, мулоқот намуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Зимни мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ иброз доштанд, ки бо назардошти аҳамияти ҳифзи пиряхҳо ҳамчун сарчашмаи асосии оби ошомиданӣ барои тамоми минтақа омодагии кишварро барои ҳамкориҳои илмиву пажӯҳишии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария густариш медиҳад.
Эълон намудани ин мавзуъ имрӯзҳо дар маърази таваҷҷӯҳи доираҳои илмиву пажӯҳишии кишварҳои Аврупо қарор дошта, олимону пиряхшиносон бо инобати паёмади обшавии босуръати пиряхҳо дар андешаи ҳамкориҳои муштарак бо мақсади таҳқиқи ин раванд мебошанд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар робита ба таҷлили Соли байналмилалии пиряхҳо дар соли 2025 ва омодагии Тоҷикистон ба Конфронси сатҳи байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо иқдоми пиряхшиносони швейтсариягӣ ва натиҷаи тадқиқотро муҳим арзёбӣ намуд.