1 сентябри соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим муовини ёвари мудир оид ба масъалаҳои Осиёи Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Америка (USAID) Анҷали Каурро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд.
Дар мулоқот рушди муносибатҳо байни Тоҷикистон ва ИМА дар чорчӯби барномаҳои USAID дар бахшҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва ҳифзи муҳити зист муҳокима шуданд.