4 сентябри соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии кишвари иқомат оид ба умури иқтисодӣ Сомӣ Абдулазиз ал-Ҳамад доир шуд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷалби сармоягузорони кувайтӣ ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, афзоиши ҳаҷми табодули тиҷорӣ байни ду кишвар, инчунин иштироки ҷониби кувайтӣ дар Форуми байналмилалии “Душанбе Инвест-2023” баррасӣ гардиданд.