Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад дар Вена дар нишасти сатҳи баланд иштирок ва маърӯза намуд. Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикистон хабар доданд.
Дар маъруза оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҳои анҷомдодаи мақомоти ваколатдор дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ маълумот дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки нишасти сатҳи баланд дар ҳошияи иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар, ки то 22 март идома меёбад, баргузор гардид.
Дар кори он роҳбарони мақомоти зиддимухаддироти давлатҳои ҷаҳон иштирок намуда, масъалаҳои мубрами ҳамкории байналмилалии зиддимухаддиротиро мавриди муҳокима қарор доданд.