Рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ нахустин маротиба Фестивали либосҳои миллӣ баргузор мегардад. Дар фестивал навъҳои гуногуни либосҳои миллӣ, ки аз матои атласу адрас ва чакан омода гардидаанд, муаррифӣ мешавад. Дар ин хусус 22 июл зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Фестивали мазкур ба хотири эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ, либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа, бахусус баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ ва риояи тарзи пӯшидани он доир мегардад.
Зимни нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки ба китоби «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон», ки соли 2018 тасдиқ ва нашр гардида буд, иловаҳо ворид гардид. Аллакай китоб омодаи чоп аст ва як нусхаи он ба Ҳукумати мамлакат барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод гардидааст.
Тавре таҳрирдиҳандаи дастурамали навбатӣ Хуршед Низом иброз дошт, барои тағийру иловаҳо ба ин дастурамал ду гурӯҳи корӣ ташкил гардид ва дар яки он тарроҳону дизайнерон ҷалб гардиданд.
Гуфта шуд, ки дар мавриди тасдиқ ва нашри «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» он ба тамоми қишрҳои ҷомеа дастрас мегардад. Тарзи либоспӯшӣ ва риояи он дар муҳити атроф ба фарҳанги миллӣ таъсир расонида, сатҳи ҷаҳонбинӣ, маданият ва завқи зебоипарастии халқро ифода ва муаррифӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат ҳамасола ба хотири тарбияи эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа, бахусус баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ байни кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занон ва мардон ва риояи тарзи пӯшидани онҳо ва барои муарифии либосҳои миллӣ чандин фестивал ва ҳамоишҳо, аз қабили «Ҷилваи рангҳо», «Сад ранги чакан», «Тоҷикона мепӯшем», «Либоси миллӣ» ва дигар барномаҳо доир мегарданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии мамлкат ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавриди пӯшидани либоси бегона чунин таъкид намуда буданд: «Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».
Либоси миллӣ ҷузъи муҳими фарҳанг буда, сатҳи маданияту маърифати миллат дар он таҷассум мегардад. Аз ин рӯ, занону духтарони тоҷикро мебояд, ки ба анъанаҳои миллии либоспӯшӣ арҷ гузоранд ва аз тақлид ба фарҳанги бегона даст кашанд.
Тавре 9 марти имсол Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли ҷомеа, олимон ва ходимони дин иброз намуданд, «бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангӣ аст, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллатро халалдор месозад».
Сарвари давлат ҳамзамон дар суханронӣ, Кумитаи кор бо занон ва оиларо вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо тарроҳони ватанӣ тарҳҳои зебову гуногуни либоси миллиро мувофиқи ниёзҳои эътиқодиву ахлоқии занону хоҳарон ва модарони мо таҳия ва пешниҳод намоянд.
МАНБАЪ: https://khovar.tj