
Кирмакпарварӣ яке аз соҳаҳои қадимтарини кишоварзӣ ба хисоб рафта, таърихи беш аз 5000 сола дорад. Ин соҳа ҳамчун соҳаи сердаромаду афзалиятноки иқтисодӣ ҷиҳати бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, рушди саноати сабук, истеҳсоли матоъҳои аз ҷиҳати экологӣ ба саломатӣ безарар, таъмини ҳазорон нафар бо ҷойи кор нақши муассир дорад.
Дирӯз, 1 декбар дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш дар иҷлоси 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияҳои мероси фарҳанги ғайримоддии кишварҳои аъзо ва номинатсияҳое, ки ба талаботҳои Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ҷавобгӯ ҳастанд, аз ҷониби Кумитаи мазкур расман эълон шуданд.
Дар ин росто пешниҳоди номинатсияи муштараки Тоҷикистон бо кишварҳои Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон аз рӯи 5 шарту талаботи дар Конвенсия қайдшуда қабул гардид.
Ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани номинатсияи муштараки Тоҷикистон «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» иқдоми муҳиме барои ҳифзу оммавигардонии мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимаи мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, — гуфт Дилшод Раҳимӣ, мудири Пажӯҳишгоҳи фарҳангу иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Собиқадори соҳа Матлуба Азизмуродорва аз шаҳри Ҳисор зимни суҳбат гуфт, давоми 30 сол аст, ки дар ин соҳа кор мекунад. Ин ҳамсўҳбати мо гуфт, амалӣ гаштани Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз таваҷҷуҳро ба ин соҳа афзудааст. Ин ҳамсуҳбати мо соҳаро самти сердаромади иқтисодӣ унвон намуда, иброз дошт, ки ҳазорон нафар аз ҳисоби соҳаи кирмакпарварӣ бо ҷойи кор ва музди хуб таъминанд.
«Муҳимтар аз ин, либосҳои аз матои абрешимӣ дўхташуда, ки аз лиҳози экологӣ ба саломатии инсон безиён ва аз ҷиҳати сифат аз бисёр матоъҳо, ҳатто пахтагин, афзалият доранд, ба буҷети давлат манфиатовар аст»,-гуфт мавсуф.
Мардумшинос Абдуфаттоҳ Аминов бар он назар аст, ки 60 дарсади истеҳсоли ҷаҳонии пилла ва маҳсулоти аз он омодашуда ба Чину Ҳиндустон рост меояд ва рушди соҳаи кирмакпарварӣ аз муҳимтарин сарчашмаҳои воридшавии асъори хориҷӣ дар ин кишварҳо арзёбӣ мегардад. Айни замон соҳаи кирмакпарварӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои Ўзбекистон, Бразилия, Эрон, Таиланд ва Ветнам рў ба рушд буда, ниёз ба ин ашёи хоми саноатӣ ва маҳсулоти тайёри он дар бозори саноат сол ба сол зиёд мегардад.
“Кишвари мо барои рушди ин соҳа шароити мусоид дорад ва имрўз замоне фаро расида, ки бо афзун намудани заминаи хўроки кирмаку тақсимоти саривақтии тухмии он ва зиёд намудани парваришгоҳҳои махсуси кирмакпарварӣ рушд бахшем ва ба ин васила корхонаҳои саноатии мамлакатро бо ашёи хом таъмину барои ҳазорон нафар ҷойи нави корӣ муҳайё созем”,-гуфт ин мардумшиноси тоҷик.
Воқеан, пилла ашёи хоми пурбаҳои саноатӣ маҳсуб ёфта, бояд ба соҳаи кирмакпарварӣ рушду такомул бахшида шавад, зеро фаъолияти чандин коргоҳҳои саноатии вилоят маҳз бо ашёи хоми пурбаҳои саноатӣ — пилла марбут аст. Дар ин радиф дар марҳалае, ки мамлакати мо дар раванди гузариш аз кишвари агросаноатӣ ба давлати саноатӣ — аграрӣ қарор дорад, рушду равнақ бахшидани соҳа масъулияти ҷиддиро тақозо мекунад.
Ба таъкиди Маҳмадамин Ташрифов, пиллапарвари маъруф аз шаҳри Ҳисор, мардуми тоҷик аз даврони қадим ба кирмакпарварӣ машғул буд. Дар ин раванд роҳи бузурги абрешим, ки аз минтақаҳои Мвароуннаҳр мегузашт, барои рушди истеҳсоли пилла ва коркарди он дар Тоҷикистон мусоидат намудааст. Талаботи зиёд ба пиллаи кирмаки абрешим ва маводи коркарди он дар шакли матоъҳои абрешимӣ дар дохили кишвар ва берун аз он, гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самти аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ, ин яъне барқарорсозӣ ва баланд бардоштани соҳаи муҳимтарини истеҳсолоти кишоварзӣ — пиллапарвариро тақозо менамоянд.
«Ин буд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ раҳмон зимни ироаи Паёмҳои хеш пайваста муаммову масоили соҳаи мазкурро махсус таъкид карда гузашта, баҳри азнавбарқароркунӣ ва бунёди майдонҳои тутзор, ҳифзи он ба роҳбарони вазорату сохторҳои марбута барои рушду тақвиятбахшии он дастуру супоришҳо медиҳанд», — гуфт ӯ.
Ҷиҳати рушди соҳаи кирмакпарварӣ, зиёд намудани захираи хӯроки кирмак, раванди истеҳсоли абрешими хушсифат, коркарди пурраи маҳсулоти тайёр, ҷорӣ намудани усулҳои самараноки истеҳсоли абрешим, таъсиси иқтидори содиротии саноатӣ, баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ дар деҳот, инчунин коркарди ниҳоии он аз 25-уми июни соли 2020, таҳти рақами 388 аз ҷониби Ҳукумати кишвар “Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024” қабул гардид. Дар ҷодаи рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифат як қатор қарорҳо ва пешниҳодҳо қабул шудаанд. Чуноне медонем, барои пешрафти соҳаи пиллапарварӣ барги дарахти тут манбаи асосии хӯрокаи кирминаи абрешимӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, дарахти тутро асосан барои ба даст овардани баргҳои хушсифати он парвариш мекунанд.
Ба баёни пиллапарвар Аҳрориддин Қаюмов, барги дарахти тут манбаи асосии хӯрокаи кирмак ба ҳисоб рафта, яке аз омилҳои пешрафту таҳкими соҳаи пиллапарварӣ мебошад. Дар баробари ин яке аз омилҳои муҳофизатии киштзорҳо аз шамолҳои сахт, эрозия, вайроншавии сатҳи ҳосилнокии замин, ҳамзамон чун хатти муҳофизатӣ майдонҳои кишти зироатҳо аз ҳар гуна зараррасонҳо ҳифз менамояд. Дарахтони тут навъи тирреша буда, решаашон мустаҳкам ва то ба чуқурии зиёд поён намиро кофта мераванду ба фаслҳоигармову сармо тобоваранд.
«Дарахти тут то 200 — 300 сол умр дида, инчунин бештар вақт барои соҳилмустаҳкамкунӣ, яъне пешгирии обхезиҳо низ истифода мешавад. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки солҳои охир шохаҳои дарахти тут кӯтоҳу беқувват, баргҳояш нисбат ба солҳои пешина майда ба назар мерасанд. Дар ин хусус мутахассисонисоҳаизҳор медоранд, кивоқеан, аз солҳои 90-уми қарни гузашта инҷониб чунин ҳолати дарахтон ба назар мерасад, ки сабаби асосии он пайдошавии ҳашароти зараррасон оташаки тут мебошад. Ин зараррасон аз мамлакатҳои ҷанубу шарқӣ ба кишвари мо омада, дар як сол 5-6 давра тухм мегузорад. Ҳангоми маротибаи дуюми сабзиши шохаҳои дарахтон, яъне моҳҳои июл то сентябр нуқтаҳои сабзи баргу шохаҳоро мехӯрад. Аз ин лиҳоз, шохаҳои дарахтон кӯтоҳ шуда, ба ҳосилнокии он таъсири манфӣ мерасонад. Ҳангоми мавсими хазонрезӣ тухми ин зараррасонҳо зеридарахт боқӣ мемонад ва дар сурати сард омадани фасли зимистон тухми он нобуд шуданаш мумкин аст. Вале агар фасли сармо нисбатан мулоим ояд, эҳтимоли ба танаи дарахт соли оянда низ зарар расониданаш бештар аст. Бинобар ин бобати рафъи зараррасони оташак месазад, ки сари вақт корҳои агротехникии соҳаи тутпарварӣ, дар фасли тирамоҳ гирду атрофи дарахтону решаҳои онро тоза ва танаи дарахтонро бо оҳак сафед кардан зарур аст”,- гуфт ин пиллапвари ҷавон.
Қобили қайд аст, ки миллати тоҷик аз давраҳои қадим ба кирмакпарварӣ ва истеҳсоли матоъҳои абрешимӣ таваҷҷуҳи хос дошт. Бахусус, сокинони шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он, дар ин самт ном бароварда буданд. Дар шаҳрҳои бостонии мо, ба монанди Бухорову Самарқанд, санъати кирмакпарварӣ ва истеҳсоли абрешим ривоҷу равнақ дошт. Дар шаҳри Хуҷанд маҳаллаҳои бофандагон ва ресандагон аз оммавияти ин ҳунар дарак медоданд. Устоҳои дукондор бо истифодаи абрешим ва нахи пахта газворҳои хушсифат омода мекарданд.
Замони шуравӣ дар шаҳр таъсиси комбинати шоҳибофӣ бесабаб набуд. Зеро, таърихан, шаҳри Хуҷанд макони абрешимбофӣ маҳсуб меёфт. Дар колхозу совхозҳо пилла мепарвариданду ҳамчун маҳсулоти аввали хоҷагии қишлоқ ба хирмани давлат мерехт.
Ба андешаи мо, ба санъати пиллапарварӣ ва шоҳӣ, атласу адрасбофӣ таваҷҷуҳ кардани Пешвои миллат бесабаб нест. Он ҳамчун унсури фарҳангӣ дар байни мардуми мо ҷой дошт ва ғамхорӣ нисбат ба ҳифзи он маънои онро дорад, ки Президенти муҳтарамамон ҳомӣ ва тарғибгари мероси фарҳанги ғайримоддии миллат мебошанд. Ин буд, ки кирмакпарварӣ ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуда, ҳамчун унсури фарҳанги миллӣ ба қайд гирифта шуд.
Мирсаид Сатториён
Радиои «Овози тоҷик»