Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Дар доираи ин ҷаласа Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Бойгонии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо дар ҷомеаи муосир: раванди мубрами рушд» доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, Ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 7 август, соати 09:30 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оғоз мегардад.
Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Бойгонии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо дар ҷомеаи муосир: раванди мубрами рушд» 8 август дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.
Дар доираи баргузории ин чорабинӣ, саёҳати меҳмонон-иштирокдорони ҷаласа ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбею Ҳисор ва ноҳияи Варзоб дар назар дошта шудааст. Хабарнигори АМИТ «Ховар», ки дар чорабинии мазкур иштирок дорад, аз ҷараёни баргузории ин ҷаласа гузориши муфассал манзур менамояд.