11 млн доллар ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби бақайдгирии рамзҳои IMEI-и телефонҳои мобилӣ ворид шудааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ дода шуд. Инчунин зикр гардид, ки тибқи Қарори Ҳукумати мамлакат тартиби имтиёзноки барасмиятдарории гумрукии телефонҳо, ки барои истифодаи шахсӣ оварда шудаанд, бекор гардид. Бояд гуфт, ки тибқи иттилои Хадамоти гумрук тариқи ин низом то ҳол садҳо ҳазор телефон ройгон ба қайд гирифта шуда буданд.