Шараф Шерализода намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева бо директори генералии Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳо оид ба ҳамлу нақл Стефан Грабер мулоқот намуд. Зимни гуфтушунидҳо нақшаҳои рақамисозии системаҳои нақлиётӣ ва ҷорӣ намудани лоиҳаҳои нави логистикӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Ба дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ ва ворид намудани технологияҳои муосир ба соҳаи нақлиёти кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.