Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз гардид. Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ дар пойтахти Тоҷикистон то 5 сентябр идома меёбад. Дар он беш аз 112 нафар шиновар аз 6 давлат — Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Беларуся, Қазоқистон, Узбекистон ва Афғонистон иштирок мекунанд.