Бабри барфӣ, ки таҷассумгари қувват ва истодагарӣ аст, рамзи Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштии миллӣ дар Тоҷикистон интихоб шуд.
Ин даррандаи нодири кӯҳистонӣ бо сабабе интихоб шудааст, ки дар баробари рамзи далерӣ, инчунин таваҷҷӯҳро ба зарурати ҳифз намудани ҳайвоноти зери хатари нобудшавӣ ҷалб мекунад. Ёдовар мешавем,ки ин мусобиқа аз 28 то 31 август дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад ва дар он беш аз 200 варзишгар аз 60 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд. Фонди ҷоизаи мусобиқа 400 ҳазор долларро ташкил медиҳад.