
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15-17 марти соли 2025 ба Федератсияи Русия сафари расмӣ анҷом медиҳанд.
Дар доираи сафар ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ, амниятӣ, инчунин мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб баррасӣ хоҳад шуд.
Дар назар аст, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳои сарони давлатҳо як қатор санадҳо ба имзо расад.