
Имрӯз, 29, 04, 2025 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ бо иштироки мутахассисону ихтироъкорони хориҷӣ, олимони соҳавӣ, ихтироъкорону навоварон, соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ Форуми байналмилалии Тоҷикистон «Занҳои ихтироъкор – 2025» баргузор гардид.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки «Форуми байналмилалии Тоҷикистон «Занҳои ихтироъкор-2025» дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди сармояи зеҳнӣ, ташаккули иқтисодӣ ба дониш ва навоварӣ, рушди ҳамаҷонибаи фаъолияти ихтироъкорӣ байни ҷавонону наврасон баргузор гардид».
Мақсади асосии форум мусоидат ба рушди ихтироъкорӣ ва ҳавасмандгардонии занони ихтироъкори минтақаи Авруосиё, татбиқи ихтироъ дар истеҳсолот, рушди неруи инсонӣ, дарёфти механизми дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ихтироъкорон ва навоварон мебошад.
Иштирокчиён дар мавзуъҳои «Нақши занон дар рушди инноватсия» ва «Вазифаи занон: таҷрибаи ҷаҳонӣ ва дурнамои рушд» маъруза ва муҳокимаронӣ намуданд.
Зимни форум занон ва ихтироъкорони фаъоли мамлакат барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи ихтироъкорӣ қадрдонӣ карда шуданд.