
Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко
28 май дар шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари расмӣ дар Федератсияи Россия бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко мулоқот намуданд.
Ҷонибҳо музокиротро дар доираи мулоқоти хоса оғоз карда, дар сиғаи васеъ бо иштироки ҳайатҳо идома доданд.
Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаю шарикии стратегии Тоҷикистону Россия, ҳамчунин масоили мубрами минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Нахуст, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба он ҷониб барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ, инчунин меҳмоннавозӣ ва пазироӣ изҳори сипос намуданд.
Зикр карда шуд, Тоҷикистон ба рушду тавсеаи ҳамкории мутақобилаи бисёрҷониба бо Россия, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, илмию техникӣ, ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ аҳаммияти хоса медиҳад.
Аз сатҳи кунунии муколамаи байнипарламентии ду кишвар, аз ҷумла дар доираи Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия ва Форуми байнипарламентии «Тоҷикистону Россия: неруи ҳамкори байниминтақавӣ» изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои Тоҷикистону Россия, ки ба анъанаҳои ҳамдигарфаҳмӣ, баробарҳуқуқӣ ва эътимоди тарафайн асос ёфта, бо талошҳои муштараки Сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин пайваста таҳким меёбад, баҳои баланд доданд.
Дар рафти вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика ва саноат мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷалби сармояи Россия барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо назардошти талаботи бозори истеъмолии Россия, ташаккули паркҳои саноатӣ бо маҳаллисозии истеҳсоли молҳо ва рушди инфрасохтори муосири логистикӣ зарур шумурда шуд.
Дар ин зимн, фароҳам овардани шароитҳои мусоиди рушди бештари ҳамкорӣ байни минтақаҳои ду кишвар муҳим дониста шуд.
Ҳар ду ҷониб аз сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла робитаҳои амалӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ қаноатмандӣ ҳосил намуданд.
Дар рафти суҳбат, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Дар идомаи мулоқот таъкид гардид, ки ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳамкории фаъол доранд.
Ҳамчунин, дар иртибот ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025, ба нақши Конференсияи сатҳи баланди Душанбе оид ба пиряхҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Аснои суҳбат, инчунин, масъалаҳои амният, афзоиши хатарҳои фаромиллӣ ва вазъи имрӯзаи Афғонистон ва минтақа мавриди таваҷҷуҳи хосаи ҷонибҳо қарор гирифт.
Аз рӯи натиҷаи мулоқотҳо ҷонибҳо назари некбинонаи хешро аз дурнамои ҳамкории стратегии ду кишвар таъкид карда, изҳори умед намуданд, ки сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия дар таърихи муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистону Росссия саҳифаи тоза боз хоҳад намуд.
Дар фарҷом, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамтои худ Валентина Матвиенкоро барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват намуданд.
Дар ҳошияи мулоқоту музокироти парламентии Тоҷикистону Россия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бинои Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия аз намоиши аксҳо, ки ба ҳамкориҳои байнипарламентии Тоҷикистону Россия бахшида шудааст, дидан намуда, дар Китоби меҳмонони ифтихорӣ соядаст гузоштанд.