Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Теҳрон муҳтарам Алиризо Зоконӣ мулоқот намуданд. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Нахуст, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии самимӣ ба ҷониби мизбон арзи сипос намуданд.
Мавриди тазаккур аст, ки байни Душанбе ва Теҳрон ҳанӯз соли 1995 муносибатҳои бародаршаҳрӣ барқарор шуда, дар ин давра байни пойтахтҳои ду давлат дар асоси эътимод ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муштарак ҳамкории судманд дар соҳаҳои алоҳида амалӣ шуд.
Теҳрон ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоративу молиявӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон солҳои охир дар бахшҳои мухталифи шаҳрдорӣ ба дастовард ва рушду пешрафти назаррас ноил шудааст.