Дар ин зимн Президенти Узбекистон Пешвои миллатро ба муносибати Рӯзи таваллудашон самимона табрику таҳният гуфта, ба Сарвари давлати мо саломатии бардавом, умри бобаракат ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои беназир орзу намуданд.
Дар идомаи суҳбат Сарони ду кишвар оид ба ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон изҳори андеша намуданд.
Сарони давлатҳо аз идомаи талошҳои муштарак ҷиҳати тавсеаи минбаъда ва пайвастаи равобиту ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар истиқбол намуданд.
Зимни суҳбат ҳамзамон оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.