3-4 сентябри соли 2026 бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа (ИБА) тренинги дурӯза оид ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, операторони алоқа, ширкатҳои технологияҳои иттилоотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок намуданд.
Зимни тренинг равишҳои муосири танзими зеҳни сунъӣ, имкониятҳои истифодаи он дар соҳаҳои алоқа, низоми бонкӣ ва амнияти киберӣ, инчунин масъалаҳои рушди зеҳни сунъии мустақил ва масъулиятнок баррасӣ шуданд.
Тренинги мазкур дар доираи барномаи кӯмаки коршиносии Иттиҳоди байналмилалии алоқа баргузор гардида, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи мутахассисони соҳа ва таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ барои рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард.



