Имрӯз дар шаҳри Пекин дар ҳошияи ҷаласаи якуми Комиссияи байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ вохӯрии муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин Пэн Тсинхуа доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ вазъи робитаҳои байнипарламентӣ ва ҳамкории гуногунсамта байни ду давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки фаъолияти Комиссияи байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ ба таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоидат мекунад.
Акс аз АМИТ «Ховар»



