Имрӯз дар арафаи ҷашни Рӯзи Модар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода занони Парлумони касбии мамлакатро табрик намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки Ҳукумати мамлакат таҳти ғамхорӣ ва дастгириҳои доимии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон-модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, вобаста ба имконият дар ҳаққи онҳо ҳамаҷониба ғамхорӣ зоҳир менамояд. Албатта, эҳтиром ва ғамхориву меҳрубониҳои Пешвои миллат нисбат ба занон-модарон барои ҳар фарди худогоҳу худшинос ва инсони комил намунаи ибрат аст.
«Сарвари давлат пайваста дар суханрониҳояшон калимаи «Модар»-ро ба забон оварда, ба мақому манзалати зан арҷ мегузоранд, бо ҳаяҷони гуворою эҳсоси баланди инсонӣ аз назокату нафосат ва лаҳни ширину лаҳзаҳои рангини рӯзгори Модар ёдовар мешаванд ва барои дар хизматашон пайваста қарор доштан таъкиду ҳушдорҳои пурҳидояту пуррисолате рӯи забон меоранд. Дарвоқеъ, Модар сабабгори ҳастии инсоният ва қавму миллатҳо буда, ба фарзандаш ҳаёт мебахшад, инчунин хислатҳои накутарини инсониро дар сиришти ӯ бо шири поки худ ҷой медиҳад. Албатта, барои мо ҷойи ифтихор аст, ки модари тоҷик чунин шахсияти нотакрору беназирро дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо ҳадя намуд, ки ӯ наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатсозии муосири миллӣ ва дар маҷмуъ, меъмори кохи бузурги давлатдории навини тоҷикон мебошад ва то ба имрӯз ба манфиати мардум ва рушду шукуфоии ҷумҳурӣ хизматҳои бемислу мондагори таърихӣ анҷом додааст», — афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон.
Гуфта шуд, ки маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аст, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар ҳама зинаҳои ҳокимияти давлатӣ–мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти иҷроияю судӣ ва тамоми сохтору мақомоти дигари давлативу ҷамъиятӣ бо маром меафзояд. Имрӯз занон дар рушду нумуи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат саҳми муносиб мегузоранд. Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии ӯ ба поси заҳматҳояш қарзи ҳар инсони бошараф ва бонангу номус аст. Мо дар сурате ба пирӯзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхориҳои ӯ расем.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз намуд, ки мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббатеро беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар халқу миллат мебошад. Занон-модарони азизи мо дар танзими расму оинҳои мардумӣ, пешгирӣ намудани амалҳои номатлуби зоҳирпарастиву исрофкорӣ, дар маҷмуъ ба риояву татбиқи амалии қонунҳои миллии мамлакат «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» саҳми бориз доранд. Занон-модарони мо инчунин дар таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи сулҳу суботи сиёсӣ ва пешбурди сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нақши бузург мебозанд.
Изҳори итминон карда шуд, ки занону модарони иззатманд ва хоҳарону духтарон ин рисолати азаливу таърихиро минбаъд низ бо сарбаландӣ иҷро менамоянд.
Ҳамчунин муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон Шарифҷон Ҳакимзода, Файзулло Қосимӣ, Абдуҳалим Ғаффоров оид ба нақш ва манзалати зан дар ҷомеа сухан гуфтанд.