Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба ҳамкории байнипарлумонӣ бо Ҷопон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
Дипломатияи парлумонӣ василаи муассири таҳкими минбаъдаи муколамаи байнидавлатӣ номида шуд.
Пешбурди робитаҳои фаъоли Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон зарур шумурда шуд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар ҷанбаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҷопон, самтҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, бахшҳои инфрасохтор, саноат, энергетика, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва тандурустӣ табодули андеша намуданд.
Ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар бахши иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз”, рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Ҷалби сармоя ба бахши сайёҳӣ, рушди ҳамкории амалӣ бо Ҷопон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва густариши муносибатҳои фарҳангиву башарӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.



