Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва нақши муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” дар рушду густариши робитаҳои Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Таро Асоро дар рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Япония назаррас номиданд.
Саҳми Ҳукумати Ҷопон дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, обтаъминкунӣ, тандурустӣ, таҳкими иқтидорҳои энергетикӣ ва омодасозии кадрҳо баланд арзёбӣ карда шуд.
Дар мулоқот оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.



