Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея дар Маркази фарҳанги Осиёи шаҳри Кванҷу ҷашнвораи Наврӯз баргузор гардид. Дар ин хусус аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром ба ҷамъомадагон Наврӯзи оламафрӯзро табрик гуфта, оид ба таҷлили Наврӯз чун рамзи дурахшони мероси ғании фарҳангии тоҷикон ва арзишҳои умумибашарии он сухан гуфт.
Ҳамзамон сафир аз эҳёи дубораи Наврӯз ва суннатҳои он дар даврони истиқлол ёдовар шуда, ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидани Наврӯз ҳамчун мероси фарҳангии башарият махсусан таъкид намуд.
Суруду мусиқии анъанавӣ ва рақси тоҷикӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони саршиноси Тоҷикистон ва дастаи рақсии «Лола» пешкаш шуд, писанди меҳмонони ҷашнвора гардид.
Ҳамчунин дар доираи ин чорабинии ҷашнӣ барои иштирокчиёни кореягӣ машғулияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.
Ҷашнвораи Наврӯз, ки бо иштироки корпуси дипломатӣ, намояндагони мақомоти гуногун, шаҳрвандон ва воситаҳои ахбори кишвари иқомат, инчунин донишҷӯёну ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Корея дар фазои идона таҷлил шуд, бо пешниҳоди хони наврӯзӣ иборат аз ҳафтсину ҳафтшин ва таомҳои миллӣ ҷамъбаст гардид.



