Дар мулоқот масоили вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Баҳрайн ва мавзӯъҳои байналмилалию минтақавии мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуд.
Аҳамияти зиёд ба роҳҳои густариши робитаҳои сиёсӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, рушди зерсохторҳои муосир ва таҳкими ҳамдастӣ дар масоили вобаста ба обу иқлим дода шуд.
Дар робита ба вазъи бениҳоят ҳассос ва печида дар минтақаи Халиҷи Форс Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори идомаи талошҳои сиёсӣ ва дипломатӣ барои ҳалли осоиштаи ин ин буҳрон бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи давлатҳои минтақа мебошад.



