Нимаи дуюми санаи 26 майи соли 2026 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо директори минтақавии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон – Роберто Лонго доир гардид.
Дар ҳошияи вохӯрӣ маросими баимзорасонии Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ ба чорводорӣ» (AMAL) баргузор гардид.
Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва директори минтақавии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон – Роберто Лонго ба имзо расониданд.
Маблағи умумии созишномаи мазкур 19,7 млн доллари амрикоиро ташкил намуда, он пурра маблағҳои грантии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ мебошад. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи мазкур 2,3 млн доллар аз ҳисоби саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи асосии лоиҳа аз баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, даромад ва устувории хонаводаҳои деҳоти Тоҷикистон, хусусан чорводорони хурд, тавассути беҳтар намудани маҳсулнокии соҳаи чорводорӣ, идоракунии устувори чарогоҳҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим иборат аст. Лоиҳа, инчунин ба рушди занҷири арзиши маҳсулот, соҳибкории хурду миёна, беҳтар кардани сохтори ғизои аҳолӣ ва васеъ намудани дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ нигаронида шудааст.



