17 сентябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии ин кишвар Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Корея нақши муколамаи фаъоли байнипарлумониро бисёр муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар ин зимн фаъол намудани кори Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ҳамчун абзори мусоидаткунанда зарур шумурда шуд.
Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон, ҳамчунин, фаъолияти платформаи Нишасти раисони парлумонҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро дар татбиқи ташаббусҳое, ки ба рушди муштараки мо ва таъмини суботи минтақавӣ равона шудаанд, муҳим арзёбӣ мекунад.
Ҷонибҳо аз сатҳу ҳолати кунунии робитаҳои сиёсӣ бо Ҷумҳурии Корея изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ба вусъати ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Изҳори итминон карда шуд, ки Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Корея, ки 16 сентябр дар шаҳри Сеул баргузор гардид, барои густариши робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва таҳкими ҳамкории иқтисодии ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.
Гуфта шуд, ки мусоидати парлумонҳо дар такмили заминаи ҳуқуқии муносибатҳои иқтисодӣ, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти бахши хусусӣ аҳаммияти калон дорад.
Масъалаҳои муҳимми ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, ичнунин робитаи кишварҳо дар чорчуби созмонҳои бонуфузи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, аз мавзуъҳои дигари суҳбат буд.



