5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бо лоиҳаи бунёди маҷмааи нассоҷӣ шинос шуда, барои бунёди он санги асос гузоштанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки маҷмаа аз ҷониби ҶДММ Текстил Тоҷикистон ва ҶДММ Пахтаи Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд карда мешавад.
Иқтидори коргоҳи ресандагӣ 10 ҳазор тонна ришта ва то 3 ҳазор тонна матои трикотажӣ дар як сол мебошад. Дар маҷмӯъ дар ин коргоҳҳо 440 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин мешаванд.
Дар коргоҳҳо таҷҳизоти нави истеҳсолкунандагони пешқадами ҷаҳонӣ бо сатҳи баланди худкор ва технологияи ресандагӣ истифода мешавад, ки сифати устувори содиротӣ ва ҳосилнокиро дар сатҳи таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ таъмин менамояд.
Ҳамчунин дар маҷмаа корхонаи пахтатозакунӣ бо иқтидори солонаи 60 480 тонна пахтаи хом бунёд мегардад. Дар ин ҷо 200 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин мегарданд.
Бунёди ин маҷмаа дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар саҳми арзанда мегузорад.



