18 ноябри соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими муаррифии тарҷумаи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Сафорати Олмон дар Душанбе, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва Бунёди Конрад Аденауэр доир шуд. Дар ҳамоиш муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Ҳамрализода, вакилони Парлумон, роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ, олимон ва аҳли фарҳангу адаб иштирок намуданд.
Тавре зимни суханрониҳо таъкид гардид, тарҷума ва нашри асарҳои мондагори халқи тоҷик ба забонҳои илмии ҷаҳон рукни муҳимми дипломатияи фарҳангӣ ба шумор меравад. Ин иқдом ба шинохти бештари таъриху тамаддуни тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва тақвияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти таҳкими сулҳ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва ҳамкории минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар бахши рӯнамоии асар зери унвони «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров — сабақҳои таърихӣ» қайд шуд, ки масъалаҳои тақвияти масирҳои тиҷоратӣ, идоракунии устувори захираҳои об, ҳифзи муҳити зист, маърифати занон ва ҳамкории минтақавӣ дар таърихи чандҳазорсолаи минтақа аҳаммияти калидӣ дошта, имрӯз низ мубрам боқӣ мемонанд.
Асари мазкур аз ҷониби дипломати тоҷик Соҳибназар Ғайратшо ба забони олмонӣ тарҷума ва таҳия гардида, ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлини Олмон ба табъ расидааст.
Маросим бо барномаи фарҳангии муштараки ҳунармандони тоҷик ва аврупоӣ ба анҷом расид.



