Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сардори Хадамот Исфандиёри Саъдулло ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардида, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаи алоқа дар нӯҳмоҳаи соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар кори ҷаласа намояндаи Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқа, намояндагони корхонаю муассисаҳои тобеи соҳа, инчунин роҳбарони сохторҳои минтақавии Хадамот дар вилоятҳо иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки дар нӯҳмоҳаи соли 2026 фаъолияти соҳа ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат, рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои алоқа ва тавсеаи дастрасии аҳолӣ ба технологияҳои муосир равона гардид.
Зимни баррасии ҳисоботҳо дастовардҳо, масъалаҳои ҳалталаб ва вазифаҳои афзалиятнок барои семоҳаи чоруми соли 2026 таҳлил шуда, зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, густариши шабакаҳои алоқа ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ тадбирҳои дахлдор амалӣ карда шуданд. Ҳамзамон, зарурати тақвияти корҳо дар самти таъмини алоқаи босифат, баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва бартараф намудани мушкилоти мавҷуда таъкид гардид.
Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи соҳа, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои масъул мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки тадбирҳои пешбинишаванда бояд ба навсозии инфрасохтор, густариши хизматрасониҳои рақамӣ ва қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба алоқаю интернет мусоидат намоянд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва корхонаю муассисаҳои соҳа ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо, баланд бардоштани самаранокии фаъолият, иҷрои босифати нақшаю барномаҳо ва ҷамъбасти бомуваффақияти соли 2026 дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.