15 октябри соли 2026 дар шаҳри Боку дар ҳошияи Саммити 7-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ, шуғл дар хориҷа ва сайёҳии Ҷумҳурии Сотсиалистии Демократии Шри-Ланка Виҷита Ҳерат баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва самтҳои ояндадори рушди минбаъдаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Демократии Шри-Ланка, инчунин густариши ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.



