23 октябри соли 2026 дар ҳошияи мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз бандари баҳрии Батуми боздид ба амал овард.
Зимни боздид Вазири корҳои хориҷӣ бо имкониятҳои логистикӣ, инфрасохтор ва дурнамои рушди ин бандар, инчунин, нақши он дар таъмини робитаҳои байналмилалии нақлиётӣ шинос шуд.



