26 ноябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи тадорукотии «ПЛАС-Форум» Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» баргузор мегардад, ки ба рушди иқтисоди рақамӣ ва истифодаи технологияҳои муосир бахшида мешавад.
Форум намояндагони мақомоти давлатӣ, бонкҳо, бахши хусусӣ ва мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотиро барои табодули таҷриба ва густариши ҳамкорӣ ба ҳам меорад.
Дар доираи форум масъалаҳои рушди зеҳни сунъӣ, бонкдории кушод, пардохтҳои рақамӣ, тиҷорати электронӣ, амнияти киберӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Ҳадафи асосии форум муаррифии роҳи ҳалли рақамӣ, табодули таҷриба ва муайян намудани имкониятҳои нави ҳамкорӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошад.



