2 ноябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Деваштич ташриф оварда, дар деҳаи Лолазори деҳоти Яхтан корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Витаминҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов дар ҳамовозӣ ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ то ҳадди ниҳоӣ ва тақвияти ҳаҷми содироти маҳсулот, ба монанди афшура, нӯшоба, мураббо ва дигар намуди консерваи меваю сабзавот ба хориҷи кишвар, бунёд гардидааст.
Таъкид гардид, ки татбиқи ҳамаҷонибаи ин ҳадафи созанда аз ҷониби соҳибкор дар баробари афзоиши иқтидори истеҳсолӣ боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ гардида, ба сифати зиндагии сокинони маҳал таъсири мусбат мерасонад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир, ки аз давлатҳои Олмон ва Италия дастрас ва васл карда шудааст, тариқи ду хатти технологӣ дар як моҳ имкони коркарди 600 ва дар давоми сол 7 ҳазору 200 тонна меваю сабзавот мавҷуд аст. Бо истифода аз имконияти фароҳамгардида танҳо дар як соат метавон 2 ҳазору 700 литр афшураю нӯшобаҳои софи табииро бе иловаи шакар ва об истеҳсол намуд.
Афшураю нӯшоба аз 30 намуди меваю сабзавот истеҳсол карда мешавад.
Дар ҳудуди корхона барои қабул, нигоҳдории ашёи хом, инчунин, маҳсулот сардхона ва дигар иншооти ёрирасон бунёд шудааст.
Тавре ба Сарвари кишвар иттилоъ доданд, меваю сабзавот ва полезиҳо, асосан, аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон, Зафаробод, Спитамен ва Ҷаббор Расулов таъмин ва то марҳилаи ниҳоӣ коркард шуда, маҳсулот мутобиқ ба талаботу меъёрҳои муқарраргардидаи бозори ҷаҳонӣ дар зарфҳои шаклу андозаашон гуногун пешниҳоди харидорон карда мешавад.
Ҳамчунин, бо мақсади таъмини корхона бо ашёи хоми маҳаллӣ ва фароҳам овардани заминаи устувор барои истеҳсоли маҳсулот дар ҳамин мавзеъ бо саҳми соҳибкор дар масоҳати 5 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шудааст.
Ҳоло дар ин корхона 60 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардидаанд ва баъди ба фаъолият пардохтани марҳилаи дуюм шумораи коргарон ба 100 нафар расонида мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи муассис ва масъулини соҳаи саноати ноҳияи Деваштичро ҷиҳати истифодаи бомавриди имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воридоти сармоя, афзалият дар истифодаи технологияи муосир, коркарди ашёи хом то марҳилаи ниҳоӣ ва тақвияти ҳаҷми содироти маҳсулоти тайёр ба хориҷи кишвар ҷалб намуданд.
Таъкид гардид, ки бунёди чунин корхона иқдоми муҳим дар самти коркарди ҳамаҷонибаи маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб рафта, барои истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ заминаи созгор фароҳам меорад.



