Имрӯз, 7 июл дар толори меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба оғози Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои занона нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Дилнозаи Абдумалик хабар дод.
Дар нишаст сармураббиёни дастаҳои занонаи Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок намуда, ба саволҳои хабарнигорон посух доданд.
Қабл аз оғози нишасти матбуотӣ, ба хабарнигорон рухсатномаҳои аккредитатсионӣ барои инъикоси ин мусобиқа дода шуд.