Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода 20 октябри соли равон бо Котиби масъули Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ Игор Руновро, ки барои ширкат дар маросими ифтитоҳи лоиҳаи озмоишии «Ҳуҷҷати глобалии транзитӣ» ба Тоҷикистон омадааст, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт ва логистика баррасӣ шуд.
Шараф Шерализода аз оғози иҷрои ин тарҳ, ки ба афзоиши ҳамлу нақли мултимодалӣ тавассути роҳҳои Тоҷикистон такони чашмрас хоҳад бахшид, изҳори қаноатмандӣ карда, ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳо ва созмонҳои марбутаи байналмилалӣ дар ин самт таъкид кард.