«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли эҳтиром Шумо ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Исломии Эронро ба муносибати дастёбӣ ба созиши сулҳ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико самимона табрик мегӯям.
Мо медонем, ки дастрасӣ ба ин созиши муҳим барои миллати Эрон осон набуд ва маҳсули талошҳои зиёду иродаи қавии он мебошад. Бовар дорам, ки мувофиқаҳои дар ин зимн ҳосилшуда барои таъмини сулҳи устувор ва фарогир дар Ховари Миёна, таҳкими низоми амнияти байналмилалӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии пойдор аҳаммияти калидӣ доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳалли ҳама ихтилофоту низоъҳо тавассути музокирот ва муколамаи дипломатӣ, аз ин рӯйдоди муҳим истиқбол менамояд.
Бо умеди рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманд ва тақвияти робитаҳои дӯстона байни кишварҳои мо, ба Шумо саломатии бардавом ва комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу амнияти пойдор ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам».



