Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Набизода бо намояндагони мақомоти авиатсияи граждании Канада — Кери Видней ва Барбара Дурест мулоқот намуд. Дар он асосан ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкориҳо дар бахши авиатсияи гражданӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Дар ин бора Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Мусоҳибон оид ба низоми таъмини бехатарии авиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ибрози назар намуданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Канада дар соҳаи авиатсияи гражданӣ собиқаи ҳамкории чандинсола дошта, дар оянда барои ба роҳ мондани парвозҳои мустақим ҷаҳду талош менамоянд.