Имрӯз зимни баргузории Конференсия ҷумҳуриявии илмӣ –амалӣ зери унвони “Ҷанбаҳои консептуалӣ ва асосҳои назариявӣ-методологии ташаккули шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон баргузор гардид, намояндагони чанд ниҳоди минтақавӣ ва ҷаҳониро ба ҳам ҷамъ овард. Дар он олимону коршиносони варзидаи соҳаҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, муҳоҷирати меҳнатӣ, соҳаҳои гуногуни иқтисоди ҷумҳурӣ, мутахассисон ва намояндагони вазорату идораҳо инчунин, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва олимону коршиносони кишварҳои Россия, Узбекистон ва Ветнам иштирок намуданд.
Ба иттлои хабарнигори радиои “Овози тоҷик”, Тахмина Амониён, ки дар ин ҳамоиш ҳузур дошт, зикр намуд, ки намояндаҳои Бонки Рушди Осиё, Ташкилоти байналмилалии меҳнат, Хазинаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба нуфузи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти таҳқиқотҳои демографии Академияи илмҳои Русия, аз зумраи иштирокдорони ин ҳамоиш зикр намуданд, ки вазъи иқтисодиву иҷтимоъӣ, пайомадҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, пандемияи бемориҳои сироятӣ, ҷангҳои шаҳрвандӣ, низоъҳои мусаллаҳона, шиддатёбии рақобат байни абарқудратҳо ба вазъи шуғлноки ва бозори меҳнати байналмилалӣ таъсири манфӣ гузошта истодаанд.
Дар идома коршиносон дар мавриди роҳҳои ҳаллу фасли ин нигарониҳо ва усулҳои нави танзими меҳнат, истифодаи самараноки қувваҳои корӣ ва таъмини кори арзандаро яке аз усулҳои бартараф намудани ин мушкилиҳо қаламдод намуданд.
Дар ин замина, ҳамзамон масъалаҳои танзиму муназзам гардонидани муносибатҳои меҳнатии байни кормандону корфармоён, истифодаи самарабахши имконияти ниҳодҳои иҷтимоӣ дар ташкили шуғли пурмаҳсул, воситаҳои муосири ривоҷ додани шаклҳои гуногуни соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба риштаи таҳлил кашида шуданд.