Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон Қаҳрамон Юлдашев дар шаҳри Тошканд мулоқоти корӣ анҷом дод. Дар он густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои татбиқи санадҳои қаблан баимзорасидаро дар соҳаи кишоварзӣ, ҳамчунин густариши ҳамкорӣ дар самти кооператсияи саноатӣ ва кишоварзӣ миёни ду кишвар мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон, доир ба тақвияти корҳо дар самти боғпарварӣ, пиллапарварӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, гармхонаҳо ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи кишоварзӣ изҳори назар карда шуд.
Сафири Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии аграрии Узбекистон пешниҳод ироа намуд, ки аз ҷониби роҳбарияти Вазорати кишоварзии Узбекистон ҷонибдорӣ гардид.