Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шамурадов мулоқот намуд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии тоҷикисон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистонро дар соҳаи фарҳангу санъат мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, тарафҳо роҷеъ ба баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистон ва таҳкими минбаъдаи робитаҳои фарҳангӣ изҳори назар намуданд.