28 октябр дар варзишгоҳи “Шоҳ Фаҳд”-и Риёз маросими ифтитоҳи аввалин Бозиҳои Саудӣ баргузор шуд, ки дар он ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ширкат кард. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар медиҳад.
Дилшод Назаров дар доираи сафараш ба Арабистони Саудӣ бо президенти Кумитаи олимпӣ ва паралимпии Арабистони Саудӣ Шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал мулоқот кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории минбаъдаро миёни ду кишвар ва минтақа баррасӣ карданд. Хусусан, баргузор кардани ҷамъомадҳои тамринии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон оид ба намудҳои гуногуни варзиш дар Арабистони Саудӣ қабл аз бозиҳои маҷмуии варзишӣ мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Ёдовар мешавем, ки аввалин Бозиҳои Саудӣ аз рӯи 45 намуд ва равияи варзишӣ то 7 ноябр идома меёбад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Арабистони Саудӣ соли 2025 мизбони Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, соли 2029 мизбони Бозиҳои зимистонаи Осиё ва соли 2034 мизбони Бозиҳои Осиё мебошад.