Пагоҳ, 9 ноябр дар Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор мешавад. Дар ин бора Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, нишасти мазкур таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини нахуствазири Федератсияи Русия Алексей Оверчук баргузор мешавад.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Русияро баррасӣ мекунанд.