8 ноябри соли 2022 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо муовини Вазири тиҷорати Туркия Мустафа Тузҷу баргузор гардид. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Сафорати Тоҷикистон дар Анқара хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва танзими сафарҳои мутақобилаи сатҳи баландро дар ояндаи наздик муҳим арзёбӣ намуданд.