8 ноябри соли 2022 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо Мудири кулли Агентии иттилоотии «Анадолу»-и Туркия Сердар Карагоз доир шуд. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия хабар дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи афкор намуда, зарурияти тақвияти ҳамкориҳоро байни ВАО-и Тоҷикистону Туркия таъкид карданд.