Аз 2-юм то 5-уми ноябри соли 2022 гурӯҳи кории ФДТТИ дар ҳайати сардори шуъбаи таълим Бобоев С.Ш., декани факултети иқтисодиёт ва идора Зияводдинов С.С., мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва фанҳои физика-математика Бобоев Л .Ғ. ва дотсенти ҳамин кафедра Бабаев С.Б. ҷавобан ба ташрифи меҳмонони Ӯзбекистон, ки моҳи июни соли ҷорӣ баргузор гардида буд, ба шаҳри Намангон сафари корӣ анҷом доданд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба донишгоҳи мазкур иттилоъ медиҳад.
Бояд, қайд намуд, ки ҳамкориҳои филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо Донишкадаи муҳандисӣ-технологии Намангон дар асоси иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо аз натиҷаи сафарҳои давлатӣ ва расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва сафарҳои расмӣ ва давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ҳамкориро бо Донишкадаи муҳандисӣ-технологии Намангон аз моҳи декабри соли 2021 дар самтҳои гуногун, аз он ҷумла таълим, илм, робитаҳои байналмилалӣ, табодули академии омӯзгорону донишҷӯён мувофиқи созишномаи ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.
Дар ҷараёни сафар гурӯҳи кориро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва инноватсионӣ Эргашев Ойбек, декани факултети муҳандисӣ-технологӣ Обидов Авазбек, мудири кафедраи метрология, стандартизатсия ва идораи сифат Юлдошев Ҷамшед ба ҳузур пазируфтанд ва табодули афкор сурат гирифт.
Дар рафти суҳбат масъалаҳо оид ба ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳо ва барномаҳои байналмилалӣ, пешниҳоди лоиҳаҳои муштарак, ҳимояи рисолаҳои номзадӣ, докторӣ, РнD, идомаи таҳсил дар магистратура, таклифи профессорону омӯзгорони ҳар ду муассисаи таълимӣ барои хондани лексияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.