Барои ҳамоҳангсозии фаъолият ва ҳамкории шарикон дар самти мубориза бо бемории сил, баррасии натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда бо дастгирии техникии шарикони рушд дар давраи январ-октябри соли 2022 ҷиҳати ноил шудан ба ҳадаф ва вазифаҳои Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар маҷлисгоҳи дафтари кории Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” (ҲБСТ) вохӯрии навбатии шарикон баргузор гардид. Дар ин бора Эҳсон Аъзамиён, сухангӯи Асотиатсияи мазкур ба радиои «Овози тоҷик» иттилоъ дод.
Ба зикри манбаъ, сараввал мизбони чорабинӣ, директори иҷроияи ҲБСТ Сафаралӣ Наимов бо сухани пазироӣ шариконро хайрамақдам гуфт. Вохӯрӣ бо сухани ифтитоҳии Рустам Нуров, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” оғоз гардид. Зикр шуд, ки мунтазам баргузор гардидани чунин вохӯриҳо имкон медиҳад, то шарикон аз фаъолияти ҳамдигар огоҳ гардида, дар самти пешгирӣ, дарёфт ва табобати саривақтии ҳолатҳои бемории сил кӯшишҳои муштараку ҳамоҳангшуда дошта бошанд.
Дар рафти вохӯрӣ Сафаралӣ Наимов, директори иҷроияи ҲБСТ дар бораи фаъолияти ассотсиатсия дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ, дастовардҳо ва монеаҳои ҷойдошта дар самти пешгирӣ, ташхис ва табобати саривақтии бемории сил маълумот дод. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар давраи январ-октябри соли 2022 ҷиҳати тақвият додани саҳми ҷомеа дар ошкорсозии барвақти ҳолатҳои бемории сил ва пурзӯр намудани дастгирии беморони сил барои риояи табобат дар 6 ноҳияи озмоишии вилояти Хатлон аз ҷониби ҲБСТ тадбирҳои муассир андешида ва фаъолиятҳои судманд иҷро шуданд. Зикр гардид, ки дар ин нӯҳмоҳа ба беморон ва марказҳои шаҳриву ноҳиявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ба маблағи умумии зиёда аз 62 ҳазор сомонӣ кумакҳои ғайрилоиҳавӣ дар шакли кумакҳои пулӣ, молӣ ва ғизоӣ расонида шуда, дар доираи лоиҳаҳои татбиқшаванда, беморон ва табибони силшиноси марказҳои зиддисилии шаҳру ноҳияҳои озмоишӣ бо таҷҳизоту василаҳои лозима таъмин гардиданд.
Дар идома Холид Сиддиқ ва Муҷтабо Сайид Ҳасан роҳбар ва масъули кор бо беморони лоиҳаи Сифр сил (Zero TB), ки дар байни аҳолии гуреза ва муҳоҷири афғон дар шаҳри Ваҳдат амалӣ мешавад, суханронӣ намуда, дар бораи фаъолияти нӯҳмоҳаи лоиҳа маълумоти муфассал доданд. Қайд карда шуд, ки густариши фаъолиятҳои лоиҳа дар дигар шаҳру ноҳияҳое, ки аҳолии гуреза ва муҳоҷири афғон зиндагӣ мекунанд, дар назар аст.
Ҳамчунин, намояндагони дигар лоиҳаву ташкилотҳои соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил доир ба фаъолиятҳои худ дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ маъруза карданд.
Аз ҷумла, Заррина Муссаева, директори лоиҳаи “ETICA” дар Тоҷикистон дар бораи соли сеюми фаъолияти лоиҳа дар ноҳияҳои озмоишӣ маълумоти фарогир дод. Гуфта шуд, ки дар 18 шаҳру ноҳияҳои озмоишии лоиҳа дар ин давра корҳои назаррас анҷом дода шуда, инчунин зарурати зиёд намудани маблағгузорӣ дар самти мубориза бо бемории сил таъкид гардид.
Ҳамин гуна, намояндагони ташкилоти ҷамъиятии “Гендер ва тараққиёт”, Лоиҳаи Каритас Тоҷикистон ва дигар шарикон аз фаъолиятҳои худ маълумот дода, ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти боз ҳам баланд бардоштани сатҳи огоҳинокии аҳолӣ дар бораи бемории сил, пешгирӣ ва дарёфти саривақтии ҳолатҳои беморӣ, дастгирии беморон барои риояи табобат, кумакҳои ғизоӣ ва дигар масъалаву мушкилоти ҷойдошта ибрози назар карданд.
Пас аз анҷоми маърузаҳо байни иштирокчиёни вохӯрӣ саволу ҷавоб ва мубоҳиса сурат гирифта, рӯйи нуктаҳои алоҳидаи мавзуъҳои баррасишаванда рӯшанӣ андохта шуд.