Имрӯз иштирокчиёни ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятии СААД, ки дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар Ереван ҷамъ омаданд, як қатор изҳоротҳоро қабул карданд.
Аз ҷумла, аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви созмон, изҳорот оид ба таҳкими меъмории амнияти байналмилаливу минтақавӣ ва назорати аслиҳа, халъи аслиҳа ва паҳн накардани силоҳ, ки бо ташаббуси Минск таҳия шудааст, қабул гардид.
Дар ҷаласаи муштарак, ҳамзамон, як қатор санадҳо оид ба масъалаҳои мубрами рушд ва такмили СААД ба тасвиб расиданд, ки барои баррасӣ ба ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД пешниҳод шуданд.