Танзими ҳуқуқии муомилот бо партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯан дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дорад. Қонуни асосӣ дар соҳаи идоракунии партовҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» ба ҳисоб меравад. Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ, талабот дар раванди пайдошавӣ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, ҳамлу нақл, безараргардонӣ ва гуронидани партовҳоро ба танзим медарорад ва ҷиҳати бартарафкунии таъсири манфии пар- товҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ба муҳити зист ва саломатии инсон бояд мусоидат намояд. Қонун асосҳои ҳуқуқии назорати давлатӣ ва ҳавасмандгардонии иқтисодиро ҷиҳати ба муомилоти хоҷагидорӣ ҷалб ва ҷорӣ намудани технологияҳои кампартов ба вуҷуд меорад.
Имрӯз дар кишвари мо партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ асосан истифодаи дубораи худро наёфта, дар партовгоҳҳои сахти маишӣ, партованборҳо, шламғункунакҳо, хоктӯдаҳо ва баъзан дар ҷойҳои номуташакили партовҳои ҷамъшуда ҷойгир карда мешаванд. Тамоюли афзоиши ҳаҷми партовҳои маишӣ бо ҷалби ками онҳо ҷиҳати исти- фодаи такрорӣ ба мушоҳида мерасад. Афзоиши миқдори партовҳо ба ҳар сари аҳолӣ аз ғайрисамаранок истифода намудани ашёи хом ва маҳсулоти ниҳоӣ вобаста аст. Афзоиш ва ҷамъ шудани партовҳо ҳар сол ба мусодиракунии иловагии қитъаҳои замин ва зиёд гардидани таъсири манфии партовҳо ба ҳолати муҳити зист ва сало- матии одамон оварда мерасонад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми муташаккили ҷамъоварии интихобии партовҳои сахти маишӣ ташкил карда нашудааст, корхонаҳои коркарди партовҳо ва партовсӯзонӣ вуҷуд надоранд. Коркард, истифодаи дубора ва гардиши такрории партовҳо низ сурат намегирад. Гӯронидани партовҳои сахти маишӣ тариқи ҷойгиркунии оддии «болои ҳам, тӯда-тӯда» имрӯзҳо тарзи асосии муомилот бо партовҳоро инъикос менамояд.
Ба андешаи Нурулло Раҳимзода, сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон ҷамъоварии алоҳидаи баъзе намудҳои партовҳо, чун оҳанпораҳо, пластикаҳо, коғазпораҳо, шишапораҳо, зарфҳои шишагӣ ва ғайра номуташаккилона, бевосита дар майдонҳои ҷамъоварӣ ва партовгоҳҳои партовҳои сахти маишӣ, нуқтаҳои савдо ва ғайра амалӣ карда мешаванд. «Баъдан ин партовҳо барои коркард ба корхонаҳо интиқол дода шуда, минбаъд ҳамчун ашёи хоми такрористеҳсолшаванда ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он ба фурӯш бароварда мешавад. Истифодаи ҳармоҳаи партовҳо ҳамчун илова ба ашёи хоми асосӣ тақрибан 50 тоннаро ташкил медиҳад. Бо чунин нақша миқдори ками корхонаҳои хурд оид ба истеҳсоли коғази ташноб ва ашёи пластмассӣ кор мекунанд, — гуфт ин масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зист.
Тибқи маълумоти Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 2 миллион тонна партовҳои маишӣ, бе дарназардошти партовҳои дар деҳот пайдошаванда ҳосил мешаванд. Маълумотҳои коргоҳи мазкур нишон медиҳад, ки шумораи умумии партовҳои схти маишӣ ва партовҳои сохтмонӣ сол то сол афзоиш меёбанд.
Мутобиқи маълумоти Аҳлиддин Хоҷаев, сардори шуъбаи хоҷагии манзилию коммуналии гармидиҳӣ ва механикии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар ҷумҳурӣ тақрибан 70 партовгоҳ мавҷуданд, ки аз онҳо 5 ададаш идорашаванда, боқимонда 65 адади дигар номуташаккил мебошанд. Майдони умумии заминҳо барои партовгоҳҳо тақрибан 300 гектарро ташкил медиҳад. Бештар аз нисфи партовгоҳҳо барои ҷойгиркунии партовҳои сахти маишӣ муҳлати маҳдуди истифодабариро доранд.
“Мушкилоти шадид барои деҳот ва хусусан минтақаҳои кӯҳии кишвар набудани корхона оид ба ҷамъоварӣ ва нобудсозии партовҳо ба ҳисоб меравад. Шумораи аҳолии ба ин хизматрасонӣ ҷалбгардида низ бо сабаби набудани маблағгузорӣ дар сатҳи паст қарор дорад. Танҳо қисми ками нуқтаҳои аҳолинишини деҳот, ки дар наздики марказҳои ноҳия ҷойгиранд, аз ҷониби корхонаҳои ташкилшудаи идоракунии партовҳо хизматрасонӣ карда мешаванд”, — гуфи мавсуф зимни суҳбат.
Аҳлиддин Хоҷаев гуфт, баҳисобгирии воқеии ҳаҷми ҷамъшавии партовҳо дар шаҳрҳо ва марказҳои ноҳия аз ҷониби корхонаҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси варақаҳои сайрхати нақлиёти махсус, ки мушаххасот ва маълумоти ҳаҷми ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳоиро доранд, амалӣ карда мешавад. Ҷамъоварии партовҳо аз се сарчашмаи асосӣ анҷом дода мешавад: аҳолӣ; корхонаҳо ва муассисаҳо; корхонаҳои корҳои ободонӣ ва тозагии санитарии шаҳрҳо ва марказҳои ноҳия.
Афзоиши шумораи аҳолии кишвар ва истифодаи танзимнашудаи ҳудудҳои заминҳои назди партовгоҳҳо тадриҷан ба васеъ гардидани ҳудуди шаҳрҳо ва марказҳои ноҳия ва дар навбати худ ба азхудкунии мавзеъҳои санитарию муҳофизатии партовгоҳҳо ҳамчун заминҳои кишоварзӣ, коркарди канданиҳои фоиданоки маъмул ва нуқтаҳои аҳолинишин оварда мерасонад. Дар як қатор минтақаҳои ҷумҳурӣ вобаста ба наздикшавии нуқтаҳои аҳолинишин ба ҳудудҳои партовгоҳҳо барои ташкил намудани партовгоҳҳои нав қитъаҳои замин ҷудо карда мешаванд.
“Таҳлили морфологии ПСМ ҷиҳати ба нақша гирифтани амалҳо оид ба коркард ва нобудсозии партовҳо муҳим мебошад. Аммо чунин таҳлил аз ҷониби омори миллӣ гузаронида намешавад. Дар робита ба ин муайян намудани таркиби морфологӣ ва ҳаҷми захираҳои такрористеҳсолшаван да ба монанди коғаз, картон, шиша, пластмасса, фулузот, партовҳои электронӣ, саноатӣ, маишӣ ва ғайра душвор аст», — гуфт ин ҳамсуҳбати мо дар идома.
Тибқи маълумоти таҳқиқотҳои байналмилалӣ тақрибан 75-90 фоиз партовҳои тиббӣ аз лиҳози морфологӣ ба партовҳои маишӣ монандӣ доранд, чунончи коғаз, банду баст аз пластика ва ғайра, ки аз ҷониби беморон истифода нашудаанд. Дар баробари ин тақрибан 10-25 фоиз партовҳои тиббӣ партовҳои хатарнок ба ҳисоб рафта, коркарди махсусро талаб менамоянд.
Дар ҷумҳурӣ айни замон қоида ва меъёрҳои санитарӣ «Қоидаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва бартарафкунии партовҳои муассисаҳои табобатию профилактикӣ», ки аз ҷониби сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, амал менамояд. Ҳисоботи оморӣ оид ба пайдошавӣ ва ҳаракати партовҳои тиббӣ аз муассисаҳои гуногуни тиббӣ, аз ҷумла дорухонаҳо ва бунгоҳои шахсии тиббӣ, доруҳои истифодаашон манъшуда ё муҳлаташон гузашта, инчунин аз ҷониби мақомоти гумрук мусодирашуда, маводи дорувории қалбакӣ, дар кишвар гузаронида намешавад.
Ба андешаи Дилшод Раҷабзода, мудири шуъбаи гигиенаи меҳнат ва саноати Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии шаҳри Душанбе, аз сабаби набудани оташдонҳои махсус барои сӯзондани партовҳои тиббӣ онҳо ба партовгоҳҳои партовҳои маишӣ бурда мешаванд. Аксаран партовҳои тиббӣ дар оташдонҳои дар ҳудуди муассисаҳо ҷойгирбуда, ки асосан ба талаботи техникӣ ҷавобгӯ нестанд, инчунин дар оташдонҳои корхонаҳои саноатӣ сӯзонида мешаванд.
“Ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани талаботҳои муомилот бо партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ дар Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ», ки чораҳои маъмурӣ, аз ҷумла ҷаримаҳои маъмуриро барои шах- сони ҳуқуқӣ ва воқеӣ пешбинӣ менамояд, муайян карда шудааст. Дар баробари ин, сарфи назар аз воситаҳои иқтисодӣ, тағйироти мусбати зарурӣ оид ба коҳиш додани ҳаҷми пайдошавӣ, коркарди онҳо, истифодаи дубора ва пешгирӣ намудани ҷойгиркунии худсаронаи партовҳо дида намешавад”, — гуфт мавсуф.
Ба андешаи Дилшод Раҷабзода, аҳли ҷомеа метавонад саҳми арзандаи худро дар ташаккул додани низоми аз ҷиҳати экологӣ бехатари идоракунӣ оид ба муомилот бо партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ гузорад. Онҳо дар баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ нақши арзанда мегузоранд. Дар баробари ин, сарфи назар аз он, ки аҳолӣ дар фаъолият бо партовҳо ҷалб гардидаанд, як қатор мушкилиҳо ва омилҳои пешгирикунанда дар иштироки фаъоли онҳо доир ба ҳалли масъалаҳои марбут ба идоракунии партовҳо боқӣ мемонанд.
Низоми босамари идоракунии партовҳо мавҷуд будани муносибати ҳамгиро ва маҷмулиро ҷиҳати ҳалли мушкилот пешбинӣ менамояд, ки ҷанбаҳои гуногуни иқтисодӣ, меъёрии ҳуқуқӣ, институтсионалӣ ва техникӣ ба инобат мегирад. Ба мақсад мувофиқ будан ва самаранокии экологӣ, иҷтимоию иқтисодӣ интихоб намудани ин ё он тадбирҳо ва технологияҳоеро, ки бояд ҷорӣ карда шаванд, муайян менамояд.
Дар маҷмӯъ, имрӯз принсипи «пешгирии ифлосшавӣ» коҳиш додани ҷамъшавии партовҳоро дар манбаи пайдошавии онҳо пешбинӣ менамояд. Дар ҳолате, ки агар коҳиши минбаъда ғайриимкон бошад, зарур аст, ки роҳҳо ва усулҳои истифодаи такрории партовҳо ҷустуҷӯ карда шаванд. Ҳангоми набудани имкониятҳои истифодаи такрорӣ партовҳо барои нобудсозӣ равона карда мешаванд.
Аз идора: Барнома бо дастгирии «Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Тоҷикистон» омода шудааст.
Мирсаид САТТОРИЁН,
«Овози тоҷик»