Дар ҳошияи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон доир гардид, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло дар нишасти махсус таҳти унвони «Пайвастшавии энергетикии минтақавӣ барои рушди устувор», ки бо иштироки намояндагони вазоратҳои молия ва дигар мақомотҳои дахлдор сурат гирифт, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни муҳокимаҳо таҷрибаи Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои стратегии энергетикӣ, аз ҷумла НБО «Роғун» ва «CASA 1000» ҳамчун намунаҳои муҳими ҳамкории фаромарзӣ ва тақвияти амнияти энергетикии минтақа муаррифӣ карда шуд.



