Имрӯз дар шаҳри Париж дар ҳошияи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Фаронса вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Шоҳзода Раҳим Оғохон баргузор гардид. Дар инбора ба радиои «Овози тоҷик» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва роҳҳои такмили абзори ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушдро мавриди баррасӣ қарор доданд.