28 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пас аз ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 ба фаъолияти ҳафт иншооти дигари соҳаи маориф ба таври фосилавӣ оғоз бахшиданд.
Бунёд ва ба фаъолият оғоз намудани иншооти нави соҳа барои дар шароити муосир ба таҳсил фаро гирифтани насли ояндаи миллат заминаҳои муассир фароҳам овард.
Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Нури Миллат, воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулов, ки бо тарҳи меъмории миллӣ сохта шудааст, барои 200 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Кӯдакистон дорои синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои хоб, толори маҷлис, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, дар он барои ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани насли ояндаи миллат шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Нури Истиқлол, воқеъ дар кӯчаи Асадулло Ғуломови ноҳияи Сино низ бо шароити муосири таълиму тарбия омода гаштааст.
Муассиса дорои 12 синфхона, 12 ҳуҷраи хоб ва толори машқу тамрин буда, тибқи лоиҳа барои фарогирии 180 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Дар ин муассиса 12 парастори соҳибтахассус бо кори доимӣ таъмин шудаанд.
Муассиасаи таҳсилоти томактабии хусусии Насли Истиқлол дар кучаи Карамови пойтахт сохта шуда, барои ба зинаи аввали таҳсил фаро гирифтани 50 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Муассисаи томактабӣ дорои толорҳо барои машғулият, бозии кӯдакон, мусиқӣ, хоб ва ошхонаю дигар иншооти ёрирасон буда, раванди таҳсил бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин кӯдакистон 3 парастори дорои касбияти баланд ва дар маҷмуъ 15 сокини маҳаллӣ бо кори муносиб таъмин шудаанд.
Муассисаи томактабии хусусии Умеди Ватан дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо саҳми соҳибкорони ватанӣ дар дохили бинои истиқоматӣ таъсис дода шудааст. Дар ин муассиса имкон аст, ки 100 нафар дӯстрӯякон ба зинаи аввали таҳсилот фаро гирифта шаванд. Баъди ба фаъолият оғоз кардани кӯдакистон 16 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Муассисаи томактабии хусусиии Кайҳон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойгир буда, бо саҳми соҳибкори ватанӣ Нигина Амирхонзода бунёд гардидааст.
Дар муассисаи томактабӣ имкони қабули 160 кӯдак вуҷуд дорад. Барои таълиму тарбияи кӯдакон 15 омӯзгору парастор ба кор ҷалб шудаанд.
Дар ин кӯдакистон ҷиҳати гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ, бозиҳои инкишофдиҳанда, истироҳат ва фароғати кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Шабо дар кӯчаи Навбаҳор-2-и ноҳияи Сино сохта шуда, дар он барои ба зиннаи таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани 140 кӯдак шароити муосир фароҳам оварда шудааст.
Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Беҳрӯз Искандаров сохта шудааст.
Ба фаъолият оғоз намудани иншоот ба таъсиси 20 ҷойи кории нав замина фароҳам овард.
Ин муассисаҳои зебову замонавӣ дар асоси дастури Пешвои миллат вобаста ба бунёди ҳатмии кӯдакистонҳо дар ҳар маҳаллаи дорои зиёда аз 100 хонавода сохта шуда, ба татбиқи босамари “Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030” мусоидат мекунад.
Ифтитоҳи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани 830 кӯдак ва бо кор таъмин гаштани 150 нафар шароит фароҳам овард.
Литсейи хусусии ба номи Абдукарим Қодиров, ки дар ин рӯз аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ шуд, бозгӯи таваҷҷуҳи Ҳукумат ба рушди соҳаи маориф ва илм мебошад.
Муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ёқут-2000 сохта шуда, барои 840 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Дар ин муассиса 60 омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мешаванд.
Бо ифтитоҳи шаш муассисаи таҳсилоти томактабӣ, ки имрӯз аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, теъдоди кӯдакистонҳо дар пойтахт ба 180 муассиса расида, фарогирии кӯдакон бо зинаи аввали таҳсилот аз 36 ҳазору 163 ба наздики 37 ҳазор нафар баробар шуд.



